Саҳифаи аввал || Таҳсилот || Илм || Китобхона || Донишҷӯ || Довталаб

Ҳаволаҳо

Эълонҳо
Дидани баҳоҳои имтиҳон

Интизор шавед...

Ҷомеаи башарӣ имрўз дар канори боло бурдани маҷмўи низомҳои муассир ва пешрафтҳои навин барои ҷаҳонишавии низоми таҳсилот ва тарғиби муҳимтарин меъёрҳои олии таълим дар шароити кунунӣ таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ бо ҳидоятҳои маорифпарваронаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо касби нуфузи рўзафзун дар анҷумани кишварҳои олам пайваста куллияи меъёру талаботи мувоҷеҳ ба пешрафтро истиқбол намуда, барои расидан ба ин зинаҳои олии камолоти маънавӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Тарғиби низоми таҳсилоти кредитӣ ба ҳукми навъи пешқадам дар ҷаҳони муосир яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати кунунии Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳадафи ҷаҳонисозии низоми таҳсилот маҳсуб мегардад, ки айни ҳол батадриҷ майлонҳои тозае касб менамояд. Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010 № 58 таъсис ёфтааст.
Ҳадафи асосӣ аз таъсиси донишкада мусоидат намудан ба раванди ҷаҳонишавии фазои маълумот ба шумор меравад. Имрўз таҷрибаи Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон нишон дод, ки муҳимтарин нуктаҳои барномаи ҷаҳонии таҳсил дар ин муассиса босамар таъкид мегардад. Махсусан дастёбии муваффақона ба низоми кредитӣ ва эътирофи он аз ҷониби ниҳодҳои баландпояи маорифи кишвар маҷмўе аз пешрафтҳои филиалро дар раванди таълими муосир ифода менамояд. Тамоюли раванди таҳсил ба сўи низомҳои пешрафти таҳсил дар ҷаҳони муосир барои ташаккули савод ва маърифатнокии донишҷўён, инчунин камолоти маърифатии онҳо нақши рўшан гузоштааст. Ҳосили ин дар маҷмўъ ба дастовардҳои ноилшуда дар раванди таълим ифода меёбад, ки ин амр аз татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои фаъолият башорат медиҳад. Иттиҳод бо Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва бо ин васила ҳифзи беҳтарин анъанаҳои ду филиал имкон медиҳад, ки дар доманаи фаъолияти босамар дар самти татбиқи низоми ҷаҳонии таҳсилот ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисодиёт, кишоварзӣ, маводҳои хўрока, соҳаи сохтмон ва энергетика, маснуоти дўзандагӣ, муҳандисони барномасоз, технологияи иттилоотӣ , меъморӣ корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шавад. Имрӯз Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ метавонад дар мақоми оинаи куллии низоми кредитии таҳсил барои муассисаҳои дигар хидмат намояд.

 Мақсудов Анвар Темурович

Забонҳо
Тоҷикӣ
Русский
English

Навгониҳо
Роҳи сафед, хатмкунандагони азиз!
Маркази миллии тестиронӣ дар Тоҷикистон...
Ҳамкориҳои навин...
Садои ҷавонони ФХДТТ...
Тавфиқ ёратон бод...
Пайки иттиҳод...
Саҳифаи аввал : : Таҳсилот : : Илм : : Китобхона : : Донишҷӯ : : Довталаб

© 2010-2012 ДПДТТ, Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз карда шудааст.
Created by: Firdavs Isamutdinov, Ikromi Bahodur