Таърих

Имрўзки ҷомеаи мо дар фарози талошҳо барои расидан ба ҳадафҳои ормонӣ ҷадал дорадмаориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеаи инсонӣ эътироф гардидаву борҳо дар мулоқоту суханрониҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин нуқтаи муҳим таъкид шудаастМаҳз ҳамин таваҷҷўҳу ибтикорот дар ростои соҳаи маориф будки айни ҳол дар кишвари мо макотибу донишгоҳҳои олии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳони нав ба фаъолият пардохтаандФилиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон яке аз ҳамин гуна мактабҳостки зодаи даврони Истиқлолият буда,фаъолияташро бар асоси меъёрҳои ҷаҳони имрўза ва талаботи ҷадидро рахандозӣ кардааст ва муҳимтарин барномаву нишондодҳои тозаи соҳаи маорифро дар қисмати шимоли Тоҷикистон пайгирӣ мекунад.

Соли 1992 бо қарори Шӯрои депутатҳои халқии шаҳри  Хуҷанд  (№356, аз 16.06.с.1992)  шӯъбаи  Хуҷандии донишкадаи саноати сабук  ва хӯроквории Тоҷикистон  таъсис ёфт.
Соли 1993 бо  қарори  Шӯрои  вазирони  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  Филиали  Хуҷандии Донишгоҳи  технологии   Тоҷикистон (ФХДТТтабдил дода шуд
08.1992 
кафедраи аввалини умумитаълимӣ ташкил шуд
08.1992 
аввалин маротиба 50 нафар донишҷӯён аз рӯи 5 ихтисос  қабул шуданд.
Соли 1992  оғози  таҷрибаомӯзии  донишҷӯён  аз рӯи  ҳамкорӣ бо IAESTE (Мубодилаи  донишҷӯён оиди таҷрибаомӯзӣ  бо давлатҳои хориҷа). 
09.1993 
дар  асоси  кафедраи  умумитаълимӣ  ду  кафедраи  дигар: иқтисодиёт  ва  идора ва фанҳои  гуманитарӣ  ташкил гардид.
Соли 1994 филиал соҳиби бинои иловагӣ гардид ва ба он факултети информатика ва технология кӯчонида шуд.  
Соли 1996 қабули довталабон аз рӯи ихтисоси 220400– таъминоти барномавии техникаи ҳисоббарор ва системаҳои автоматӣ ва таъсиси кафедраи тахассусии ин ихтисос кафедраи информатика ва автоматика дар асоси кафедраи математикаи олӣ ва информатика.
Соли 1997 аввалин мутахассисони соҳаҳои иқтисодиёт, технологияҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ филиалро хатм намуданд.
Соли 1998 қабули довталабон аз рӯи ихтисосҳои 280900– тарҳрезии маснуоти дӯзандагӣ ва 311200 – технологияи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ташкили кафедраи агротехнология ва сикли бофанда, расм ва дизайн.
Соли 1998 дар асоси кафедраҳо ва факултетҳои мавҷуда 5 департамент ташкил шуд. 
Соли 2001 дар асоси департаментҳо ду факултет таъсис ёфт, ки дар онҳо кафедраҳои забонҳо, иқтисодиёт ва идора, фанҳои гуманитарӣ, математикаи олӣ ва физика, химия ва технологияи маводи хӯрока, информатика ва автоматика ташкил шуданд. 
Соли 2001 донишҷӯёни ғолиби озмуни минтақавии «Донишҷӯён дар соҳибкории озод» дар чемпионати аввалини ҷаҳон дар Бритониёи Кабир иштирок намуда, яке аз дастаҳои беҳтарини дунё эътироф гаштанд.
Соли 2001 филиал соҳиби хатти алоҳидаи интернет гашт ва 8 компютер ба он пайваст гардид.
Соли 2002 ташкил шудани кафедраи молия ва аудит. 
Соли 2003 факултети агротехнология соҳиби бинои нави таълимӣ гашт ва дар таркиби он ду кафедраи нави умумитаълимӣ ва технологияи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 2004 филиал соҳиби ду хатти интернет гашта, ба он тамоми компютерҳои филиал пайвастанд. 
Соли 2004 ташкил шудани шуъбаи ғоибона.
Соли 2005 таъсиси маркази бақайдгирии донишҷӯён.
Соли 2005 татбиқи низоми кредитӣ донишҷӯёни соли аввал.
Соли 2006 таъсиси синфхонаҳои нави компутерӣ ва лабораторияҳои муҷаҳҳаз бо воситаҳои таълимии муосир:

•дастовардҳо дар самти иҷрои корҳои илмӣ.

Соли 2007 қисман автоматикунонии самтҳои раванди таълим.
Соли 2008 ташкили идораи таъмин ва назорати сифати таълим ва дар назди он таъсиси маркази технологияҳои иттилоотӣ:

•автоматикунонии тамоми самтҳои раванди таълим.

Соли 2009 ташкили маркази робитаҳои байналхалқӣ ва инкишофи мартаба .
Соли 2010:

•гузариш ба тарзи пайдарҳамии таълими фанҳо ташкили идораи таъмин ва назорати раванди таълим;

•ташкил шудани факултети таҳсилоти умумии базавӣ ва факултети технологияҳои иттилоотӣ ва дизайн;

•табдили сикли бофанда, расм ва дизайн ба кафедраи тарҳрезии либос;

•бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010 №58 таъсис ёфтани муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ.


Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (ДПДТТ) соли 2010 дар натиҷаи якҷояшавии ду филиали донишгоҳҳо- филилали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ва филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  ташкил шудааст.
Зимнан дар ДПДТТ 4 факултет мавҷуд аст:

1. Муҳандисӣ-иқтисодӣ

2. Информатика ва энергетика

3. Муҳандисӣ-технологӣ

4. Сохтмон ва нақлиёт

Инчунин 13 кафедра барои такмили дониши шогирдон фаъолият дорад. Дар онҳо беш аз 140 нафар устодон, ки зиёда аз 60 фоизашон унвони илмӣ доранд, фаъолият бурда, 3850 нафар донишҷӯёнро таълим медиҳанд.
Донишкада мутахассисони соҳаҳои иқтисодиёт,  энергетика, сохтмон ва нақлиёт, технологияҳои компютерӣ, технологияи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технологияи маводи хӯрока, технологияи саноати сабукро тайёр менамояд.
Донишкада тамоми имкониятҳои моддӣ ва техникиро дорост. Дар донишкада беш аз 30 лаборатория, 15 кабинетҳои тахассусӣ ва лингофонӣ, таҷҳизоти намоишдиҳии бо антени параболӣ пайваст, 15 синфи компютерӣ мавҷуданд. Донишкада дорои зиёда аз 900 компютерҳои муосири ба Шабакаи интернет пайваст мебошад. Толори варзишии донишкада  дар вилоят яке аз беҳтаринҳо аст. Теъдоди китобҳои 4 китобхонаи таълимгоҳ 70 ҳазор нусха, 9100 номгӯйро (аз онҳо 3395-то дар китобхонаи рақамӣ) дар  бар мегиранд.

ДПДТТ узви Ассосиатсияи байналхалқии табодули донишҷӯён оид ба таҷрибаомӯзии техникӣ (IAESTE) ва таҷрибаомӯзии кишоварзӣ, Ассосиатсияи байналхалқии донишкадаҳо, узви Кумитаи иҷроияи федератсияи донишкадаҳои махсуси давлатҳои исломӣ мебошад. Донишкада бо мактабҳои олии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ шартномаҳои дарозмӯҳлат бастааст, ки имконияти даъвати мутахассисон ва профессорони онҳоро таъмин намуд. Дар навбати худ омӯзгорони мо низ  дар макотиби олии Россия такмили ихтисоси худро пайдо кардаанд.

 3029

- 12 янв 2017